Варзишгари тоҷик Хуршед Маҷидов дар шаҳри Иркутск медали тилло ба даст овард

Август 24, 2016 15:37

Душанбе, 24.08.2016./АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони  шинохтаи  тоҷик Хуршед Маҷидов дар мусобиқаи дзюдо барои Ҷоми мири шаҳри Иркутск дар миёни ҷавонони соли таваллудашон 1997-1999 дар вазни +100 кило бар ҳамаи ҳарифони худ пирӯз шуда, соҳиби медали тилло гашт.
Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи  миллии олимпии  Тоҷикистон  хабар доданд.
Паҳлавони тоҷик дар ин мусобиқа ҳарифони худ аз Русия, Муғулистон, Ҷопон ва дар даври ниҳоӣ варзишгари Қазоқистонро дар 10 сония мағлуб кард.
Хотиррасон  менамоем, ки дар мусобиқаи мазкур 321 варзишгар аз 27 кишвари дунё ширкат варзиданд. Бояд зикр кард, ки дар баробари Хуршед  Маҷидов, дар ин муосибиқа бародараш Ҷаҳонгир Маҷидов миёни наврасони соли таваллудашон 2000 дар вазни 81 кило дар даври аввал ҳарифаш аз Қазоқистонро шикаст дод ва дар даври дуввум аз паҳлавони ҷопонӣ мағлуб шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин вазн паҳлавони дигари тоҷик Ёқубҷон Назиров, ки аз номи Русия баромад мекард, мақоми 3-юмро ба даст овард.

Август 24, 2016 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад