Вазири корҳои хориҷии Черногория номзадиашро аз интихоботи Дабири кулли СММ бозпас гирифт

Август 24, 2016 10:48

Душанбе, 24.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Черногория Игор Лукшич қарор кард, ки аз мубориза ба мансаби Дабири кулли СММ даст кашад. Ӯ 23 август мактуби дахлдорро ба Раиси иҷлосияи 70-уми Ассамблеяи генералии СММ Могенс Люккетофт равон кард. Дар ин бора АИ «REGNUM» хабар дод.
Маврид ба зикр аст, ки Игор Лукшич аллакай дуюмин номзад ба мансаби роҳбари созмони ҷаҳонӣ аст, ки дар бораи бозпас гирифтани номзадиаш эълон кард. Чанде пеш собиқ вазири корҳои хориҷии Хорватия Весна Пусич аз иштироки минбаъда дар интихобот даст кашида буд.
Ёдовар мешавем, ки аз рӯи натиҷаҳои даври аввали овоздиҳӣ дар Шӯрои амнияти СММ собиқ сарвазири Португалия Антонио Гутерриш, ки то соли 2015 мансаби Комиссари олии СММ оид ба кор бо гурезагонро бар дӯш дошт, раъйи зиёд гирифт. Ҳамчунин ба мансаби мазкур собиқ Президенти Словения Данило Тюрк, Директори генералии ЮНЕСКО Ирина Бокова, собиқ вазири корҳои хориҷии Сербия Вук Еремич, вазири корҳои хориҷии кунунии Мақдуния Срджан Керим, Сарвазири Зеландияи Нав Ҳелен Элизабет Кларк ва дигарҳо номзадиашонро пешбарӣ кардаанд.
Бо назардошти номзадиашро бозпас гирифтани Игор Лукшич, 10 нафар муборизаро барои мансаби Дабири кулли СММ идома медиҳанд.

Август 24, 2016 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст