Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолият озмуни ҳунарҳои мардумӣ барпо мекунад

Август 8, 2016 11:20

Душанбе, 08.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида  ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон озмуни «Ҳунарҳои мардумӣ», «Зардўзии беҳтарин» ва  «Ҳунарҳои заргарии беҳтарин»-ро  баргузор менамояд. Озмун  дар 3 давра  — ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ доир хоҳад гашт.
Тавре ки аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иштирок дар озмунҳои сатҳи ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ маҳдуд набуда, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон метавонанд бо маҳсулоти омодакардаи худ, ки ифодагари эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мебошанд, иштирок намоянд.
Тибқи  талаботи низомнома, барои иштироккунандагони озмуни ҷумҳуриявӣ донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, доштани яке аз ҳунарҳои мардумӣ, иштироки фаъолона дар намоишҳои сатҳи маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба анъанаҳои қадимаи халқи тоҷик, навҷўӣ ва ташаббускорӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳатмӣ мебошад.
Даври ҷамъбастии озмун дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе баргузор гардида, ғолибон бо диплом ва мукофотҳо сарфароз мегарданд.

Август 8, 2016 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад