ШАС омода аст дастгирии рушди Тоҷикистонро афзун намояд
Душанбе, 18.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо ноиби раис, директори иҷроияи Фонди Саудии рушд Юсуф ибни Иброҳим ал-Бассом мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории босамари Тоҷикистон бо Фонди Саудии рушд баррасӣ шуд.
Тавре зикр гардид, дастгирии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон, асосан тавассути ҳамин фонд сурат мегирад ва ҳаҷми умумии маблағҳои ба ин ҳадаф ҷудошуда беш аз 130 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Фонди Саудии рушд омода аст, бо пешниҳод шудани лоиҳаҳои нави рушд аз ҷониби Тоҷикистон ҳаҷми дастгириҳои худро афзун намояд. Дар ин росто таваҷҷуҳи зиёд ба беҳсозии зербинои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва энергетика зоҳир мегардад.
Ду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши доираи ҳамкорӣ таъкид доштанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






