ВМКБ: Конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 29, 2016 11:47

Хоруғ, 29.08. 2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии ВМКБ бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати устодони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Сардори Раёсати мазкур Абдулваҳоб Искандарзода иштирокдорони конфронсро бо ин ҷашни таърихӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки солҳои аввал барои ҷумҳурии тозаистиқлоли мо солҳои вазнину пур аз моҷароҳо буданд ва кам касон ба ояндаи босуботи кишвар хушбин буданд. Аксарияти мардумро яъсу ноумедӣ ва кишварро ҳар лаҳза хатари парокандагӣ таҳдид мекард. Ягона шахсе, ки ба хираду заковат ва фарҳанги қадимаи халқи тоҷик боварӣ дошту тарафҳои даргирро ба тадриҷ аз паси худ ба сӯи сулҳу оромӣ мебурд, ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Инро ҳатто собиқ мухолифини мусаллаҳи давлат низ эътироф намуданд. Ба хотири овардани сулҳу субот ба Тоҷикистон Сарвари давлат чандин бор ба кишвари Афғонистон, ки дар обу оташ месӯхт, ба назди ҳамватанонаш рафт. Онҳоро ташвиқ мекард, ки ба ватани аҷдодиашон бозгарданд ва онро якҷоя бунёд намоянд. Сардори Раёсати мазкур гуфт, ки ҳадафи гирди ҳам омадани мо таҳлилу баррасии ин марҳилаи зиндагии мардуми тоҷик ва ба насли ҷавон шарҳ додани он аст.
Устоди ДДХ ба номи Моёншо Назаршоев, профессор Элбон Ҳоҷибеков низ аз он даврони фоҷиабори миллат ёд оварда, баён дошт, ки агар дар ин марҳилаи тақдирсоз тарафҳои даргир дасти оштӣ ба ҳам дароз намекарданд,мавҷудияти миллате бо номи тоҷик зери суол мерафт. Агар вуҷуд ҳам медошт, ба як миллати аз донишу савод ва фарҳанг маҳрум табдил меёфт, зеро дар ин солҳо тамоми муассисаҳои таълимӣ аз кӯдакистон то донишгоҳҳои олӣ баставу фалаҷ гардиданд. Кори бузург ва таърихие, ки Пешвои миллат дар оғози давраи истиқлолият анҷом дод, ин дуввумбора барқарор кардани ҷараёни таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти умумию олӣ ва минбаъд зиёд кардани шумораи ин гуна таълимгоҳҳо буд.
Дар конфронси илмию назариявӣ ҳамчунин дигар олимону кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ оид ба паҳлӯҳои ин марҳилаи ҳаёти мардуми тоҷик ибрози назар намуданд.

Август 29, 2016 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад