Вомбаргҳои корпоративии ҶСК «Бонки Эсхата» аз тариқи платформаи ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ» бароварда мешаванд

Август 18, 2016 14:43

Душанбе, 18.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҶСК «Бонки Эсхата» барориши вомбаргҳои корпоративии (қоғазҳои қиматноки қарзии) худро дар платформаи ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ» ба нақша гирифтааст.
Ба ин муносибат имрӯз дар Душанбе  нахустин Форуми сармоягузорӣ таҳти унвони «Имкониятҳои нав барои рушд» баргузор гардид. Бино ба гуфтаи Алишер Шерназаров, директори ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ» мақсад аз форум  ҷалби ширкатҳои ватанӣ барои баровардани қоғазҳои қиматнок аз тариқи  платформаи биржаи фондӣ мебошад.  «Бояд гуфт, ки бо мақсади дастгирии соҳибкорону маблағгузорон ба  якчанд қонунҳои кишвар тағийроту иловаҳо ворид карда шуд. Аз ҷумла,  пешниҳоди имкониятҳои андозӣ барои сармоягузороне, ки  қоғазҳои қиматнокашонро  тавассути биржаи фондӣ  мебароранд, хеле  мусоид аст»,-илова намуд А.Шерназаров.
Мақсад аз форум фароҳам овардани имконият барои шиносоӣ бо шартҳои барориши вомбаргҳои корпоративии ҶСК «Бонки Эсхата», инчунин гузарондани намоиши лоиҳаҳои сармоягузории соҳибкорони ватанӣ барои доираи васеи сармоягузорони манфиатдор мебошад.
Шавкат Калонов, иқтисодчии пешбари ҶСК «Бонки Эсхата» илова намуд, ки мақсади асосии барориши вомбаргҳо- ин пешбурди иқтисодиёти кишвар аз тариқи  равияи нав мебошад.
«Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои пеш  ягон корхонаи хусусӣ вомбарг намебаровард, зеро дар чумҳурӣ биржаи фондӣ фаъол набуд.  «Бонки Эсхата» чанд сол боз ният дошт  вомбарҳояшро аз тариқи биржа роҳандозӣ намояд ва ин иқдом  имрӯз имконпазир гашт. Ин иқдом на танҳо барои бонки мо,  балки  барои сармоягузорон ва дигар корхонаҳо бобати ҷалби маблағ ва сармоягузорӣ мусоидат хоҳад кард»,-гуфт Ш.Калонов.
Субъектҳои  соҳибкории мамлакат акнун имкон доранд, ки дар бораи имкониятҳои ҷалби сармоя ҷиҳати рушди тиҷорат  бо роҳи барориши қоғазҳои қиматнок дар биржаи фондӣ маълумоти бештар гиранд.

Август 18, 2016 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад