Воситаҳои ахбори оммаи музофотӣ: имконият, воқеият ва дурнамо

Август 22, 2016 14:14

Душанбе, 22.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо  ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар мавзўи «Воситаҳои ахбори оммаи музофотӣ: имконият, воқеият ва дурнамо» суҳбат доир гардид. Дар он роҳбарони воситаҳои ахбори оммаи минтақаи Рашт, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш ва рўзноманигороне, ки шомили корвони журналистон ба водии Рашт буданд, иштирок намуданд.
Тавре ки  раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистсон Зинатуллоҳ Исмоилзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ҳадафи асосии  чорабинӣ таҳлили матбуоти музофотӣ ва баррасии имконият ва дурнамои фаъолияти воситаҳои ахбори маҳаллӣ мебошад. Дар гузориши таҳлилии мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдулмумин Қутбиддинов рўзномаи «Оинаи Рашт» мавриди пажўҳиш қарор гирифт. Таъкид шуд, ки барои ба минбари воқеии рўзгори мардуми минтақа табдил додани нашрия бояд кори зиёдеро ба сомон расонид, зеро аз нарасидани мутахассисон то камбудии молиявӣ мушкилоти аслии матбуоти музофотист. Сипас, муҳаррирони нашрияҳои «Оинаи Рашт» Камол Бекзода, «Нури Нуробод» Мавҷуд Сатторов, «Мавҷи Хингоб» Наҳтўтӣ Алиева, «Ҳақиқати Ховалинг» Мавлуда Назарова, «Меҳнат»-и ноҳияи Айнӣ Маҳмадносир Насруллоев ва раиси бахши вилоятии ИЖТ дар Бадахшон Нилуфар Асламшоева оид ба мушкилоти мавҷудаи рушди журналистикаи музофотӣ, аз ҷумла, камбудии мутахассисон, вазъи ногувори молиявӣ, мушкилоти дастрас намудани матбуот ба муштариён ва роҳҳои ҳалли ин муаммоҳо изҳори назар карданд.
Дар асоси фикру мулоҳизоти иштирокчиён тавсияҳои аҳли нишаст омода гардиданд, ки ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мешаванд.
Ин  суҳбат  чорабинии ҷамъбастии корвони журналистон ба водии Рашт буда, бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз 15 то 19 августи соли равон ташкил гардид.

Август 22, 2016 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе