Юсуф Раҳмон, прокурори генералӣ: «Хариду фурӯши молу маҳсулот бо пули миллӣ ба роҳ монда шуд»
Душанбе, 04.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Дар нимсолаи аввали соли 2016, бо дарназардошти пайдоиши душвориҳо дар бозори асъор вазъи риояи қонунгузорӣ оид ба фаъолияти бонкӣ ва назорати асъор таҳти назорати қатъӣ қарор дода шуда, дар саросари ҷумҳурӣ санҷишҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ гузаронида шуданд»,- иброз намуд прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон имрӯз зимни нишасти хабарӣ.
Юсуф Раҳмон ҳамчунин зикр кард, ки дар ин раванд фаъолияти гурӯҳҳои зиёди ба муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ машғулбуда қатъ карда шуда, нисбат ба шахсони гунаҳкор 104 парвандаи ҷиноятӣ ва 321 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.
«Хариду фурӯши молу маҳсулот, иншоот, манзилҳои истиқоматӣ ва воситаҳои нақлиёт қариб пурра бо пули миллӣ ба роҳ монда шуд»,-илова намуд. Ю. Раҳмон.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






