Зимни амалиёти муштарак аз кочоқчиёни афғон 10 кг маводи мухаддири афюн мусодира гардид
Душанбе, 22.08.16. /АМИТ «Ховар»/. Зимни амалиёти муштараки хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз ҷониби қочоқчиёни афғон ва кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд.
Тавре маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад , дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии ба номи генерал-майор Р.Амакиев Отряди сарҳадии «Панҷ», байни қитъаҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни номаълуми афғон дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ мешаванд.
Қочоқчиёни афғон ба амри сарҳадбонони тоҷик итоат накарда, байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ меояд. Дар натиҷаи задухӯрд як нафар қочоқчӣ захмӣ мегардад.
Дар ҷои ҳодиса тақрибан 10 кг маводи мухаддири навъи афюн дарёфт ва мусодира карда шуд.
Нисбат ба ин ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






