50 нафар занони хонашин аз оилаҳои камбизоат дар ноҳияи Вахш бо кори доимӣ таъмин гардиданд
Душанбе, 16.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин маросими ифтитоҳи корхонаи дӯзандагиро дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон баргузор намуд. Лентаи рамзӣ аз ҷониби раиси Ҷамъияти дӯстии халқҳои Тоҷикистону Чин, раиси Кумита Қосимзода Идигул Тағо ва сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин Юе Бин бурида шуда, корхона расман ба фаъолият оғоз намуд.
Дар корхонаи дӯзандагӣ 50 нафар занони хонашин аз оилаҳои камбизоат бо кори доимӣ таъмин гардида, имконияти беҳбуд бахшидан ба сатҳи молиявии оилаҳои худро пайдо намуданд.
Раиси Кумита Қосимзода Идигул Тағо иброз дошт, ки ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Чин ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии занону духтарон, дар ҷомеа мавқеи хоса пайдо намудани онҳо, тарбияи дурусти фарзанд, солиму обод нигоҳ доштани оила ва тақвияти муносибатҳои оиладорӣ заминаи боэътимод хоҳад гузошт.
Ҳамчунин Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин Юе Бин гуфт, ки ҳамкории минбаъдаи ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя боз ҳам густариш ёфта, дӯстиву рафоқат барои нақшаҳои ояндаи мо заминаи боэътимод хоҳад гузошт.
Тибқи нақша ду сехи дӯзандагӣ марҳила ба марҳила дар ноҳияи Вахш бо дастгирии молиявии сафорати Чин ба истифода дода хоҳанд шуд.









Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






