Абдуллоҳи Раҳнамо: Марзи давлатии Тоҷикистон аҳамияти бузурги минтақавӣ ва байналхалқӣ дорад
Душанбе, 28.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Симпозиуми марказҳои фикрии кишварҳои ҳавзаи Созмони ҳамкории Шанхай, ки дирўз дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гашт, таҷрибаи Тоҷикистон дар мубориза бо экстремизм ва терроризми байналхалқӣ баҳои баланд ёфта, дараҷаи суботу амнияти ҷорӣ дар Тоҷикистон барои минтақа намунавӣ номида шуд. Ҳангоми муаррифии баъзе хусусиятҳои таҷрибаи кишвар дар ин самт, сардори раёсати таҳлили сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо, аз ҷумла, зикр намуд, ки чӣ аз назари мавқеи ҷуғрофӣ ва чӣ аз назари самаранокии сиёсати ҳадафманди давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо экстремизм ва терроризми байналхалқӣ қарор дошта, марзи давлатии Тоҷикистон дар асл, сарҳади байни суботу бесуботӣ ва марзи байни амнияту ноамнӣ барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва бисёр васеътар аз он мебошад.
Ин аст, ки марзи давлатии Тоҷикистон имрўз илова бар аҳаммияти сиёсию амниятӣ, ҳамчунин аҳамияти бузурги таърихӣ, тамаддунӣ, арзишӣ ва идеологӣ низ дорад, ки он бояд аз ҷониби кишварҳои минтақа дуруст дарк шавад. А.Раҳнамо дар шарҳи ин андешаи худ афзуд, ки агар тафаккури ифротгароӣ, ҷаҳонбинии тунди идеологӣ ва неруҳои терроризми байналхалқӣ аз ин марз гузаранд, мавҷи ифроту бесуботӣ ба осонӣ то умқи Русияву Чин паҳн хоҳад шуд ва тамоми минтақаро ба як муҳити буҳронӣ табдил хоҳад кард.
Иштирокчиёни симпозиуми байналхалқӣ зимни баррасии гузориши намояндаи Тоҷикистон нақши кишвари моро дар пешгирии рушди ифротгароӣ дар тамоми минтақа калидӣ ва таъйинкунанда хонда, изҳор доштанд, ки бояд мавқеи Тоҷикистон дар ин самт аз сўи кишварҳои минтақа, хусусан Русия ва Чин дастгирии ҳамаҷониба ёбад.
Коршиносон, аз ҷумла, самаранокии фаъолияти фаврии ниҳодҳои давлатӣ, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ, нашри маводи илмию таҳлилии ҷиддӣ дар ин мавзўъ, мавқеи қатъии байналмилалии роҳбарияти кишвар ва ғайраро нуктаҳои арзишманди таҷрибаи Тоҷикистон дар мубориза бо ин таҳдиди ҷаҳонӣ арзёбӣ намуданд.
Симпозиуми марказҳои фикрии кишварҳои СҲШ, ки бо суханронии таҳлилии Котиби генералии СҲШ Рашид Олимов оғоз гашт, бо иштироки даҳҳо нафар намояндагон ва коршиносони баландпоя аз кишварҳои Чин, Русия, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Арманистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Камбоҷия, Непал, Муғулистон ва ғайра кори худро то 30-юми сентябр идома хоҳад дод. Мақсади асосии ин ҳамоиши сатҳи баланд табодули таҷриба байни марказҳои таҳлилӣ ва зеҳнии кишварҳои СҲШ, ҳамоҳангсозии дидгоҳҳои таҳлилӣ, ба вуҷуд овардани фазои ягонаи таҳлилӣ, расидан ба шинохти ягонаи хатарҳо ва таҳдидҳо ба суботу амнияти кишварҳои ин ҳавзаи васеи авруосиёӣ мебошад.
Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Кароматулло Олимов ва сардори Раёсати таҳлили сиёсати хориҷии МТС назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо намояндагӣ мекунанд.








Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






