Агентии обуҳавошиносӣ: Охири ҳафта аввалин нишонаҳои фасли хазон аз худ дарак медиҳанд
Душанбе, 26.09.16. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон се рӯзи наздик дар ҷумҳурӣ ҳавои софи беборишро пешгӯӣ намуда, дар охири ҳафтаи корӣ эҳтимоли боридани боронро пешгӯӣ менамоянд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз агентии мазкур хабар доданд, 26-27 сентябр дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон ҳавои софи бебориш дар назар дошта шудааст. Дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво ба 36 дараҷа хоҳад расид.
Дар вилояти Суғд низ ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шуда, 28 сентябр дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ҳавошиносон боридани боронро пешгӯӣ менамоянд. Ҳарорати ҳаво ба 35 дараҷа гармӣ хоҳад расид.
Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то ба 1 дараҷа гармӣ расида, рӯзона 9-14 дараҷаро ташкил хоҳад дод. Дар ғарб ҳаво шабона 5- 10, рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳаво шабона 9-14, рӯзона 30- 35 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ — ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






