Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои наздик ҳавои мӯътадилро пешгӯӣ менамояд

Сентябрь 13, 2016 16:59

Душанбе, 13.09.16. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои наздик  дар ҷумҳурӣ ҳавои софи беборишро пешгӯӣ менамоянд.
Тавре  ба АМИТ «Ховар» аз агентии  мазкур хабар доданд, то 18 сентябр  дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон ҳавои софи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво ба 37 дараҷа хоҳад расид.
Дар вилояти Суғд низ ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шуда, эҳтимоли вазидани шамоли шиддатнок пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо ба 37 дараҷа хоҳад расид.
Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  боридани барфу борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат дар ғарб рӯзона 25-30, дар шарқ  рӯзона 13-18 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Дар Душанбе  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар буда, ҳаво 33- 37 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ — ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Ҳаво  рӯзона то 37 дараҷа гарм мешавад.

Сентябрь 13, 2016 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад