Баҳодиҳии тарафайн дар муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм
Душанбе, 22.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм 21-22-юми сентябри соли равон дар доираи иҷрои талаботи барномаи муштарак дар хусуси омодагӣ ба даври дуюми баҳодиҳии тарафайн оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутахассисони Суди олӣ, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди Президенти ҶТ, Агентиии омори назди Президенти ҶТ, Вазорати адлия, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва дигар мақомоти қудратии кишвар семинар гузаронида мешавад.
Дар семинар муовини раиси БМТ Сироҷиддин Икромӣ доир ба натиҷаи корҳо дар ин самт ва пешгирӣ аз хавфҳои эҳтимолӣ изҳор кард, ки маълумоти пешниҳодшаванда аз ҷониби иштирокдорон дар тақвияти ҳамкории муштарак байни мақомоти давлатӣ ва намояндагони бахши хусусӣ дар самти идораи самараноки хавфҳои марбут ба қонунигардонии даромадҳо ва маблағгузории терроризм истифода бурда мешаванд.
Дар ҷараёни семинари омӯзишӣ мутахассисони Гурӯҳи Авросиё ба иштирокдорон дар мавриди мутобиқати баҳодиҳии меъёрҳои техникӣ, хавфу хатар ва дарки он ҳангоми баҳодиҳии тарафайн, нақши мақомоти пешоҳанг дар ҷараёни баҳодиҳии тарафайн, истифодаи маълумоти сершумор ва босифат дар самти МҚД/МТ маърӯза хонданд.
Семинари Гурӯҳи Авросиё дар хусуси омодагӣ ба даври дуюми баҳодиҳии тарафайн оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 22 сентябр барои намояндагони бахши хусусии кишвар гузаронида мешавад.
Дар ин бора ба АМИТ Ховар аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






