Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ як гурӯҳ кормандон бо мукофотҳои соҳавии Вазорати маориф ва илми ҶТ сарфароз гардиданд

Сентябрь 6, 2016 11:35

Душанбе, 6.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ як гурӯҳ кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми ҶТ ва муассисаҳои тобеи он бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ шуданд.
Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз вазорати мазкур иттилоъ доданд, дар расми супоридани туҳфаҳо вазири маориф ва илм Нуриддин Саид барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 12 нафар нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба 7 нафар «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуд.

Сентябрь 6, 2016 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!