Баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 1, 2016 08:55

Душанбе, 31.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба Рӯзи китоб — 4 сентябр Озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015»-ро ба итмом расонид.
Кумитаи тадорукоти Озмуни мазкур иттилоъ медиҳад, ки тибқи муқаррароти Низомномаи озмун то 20 августи соли 2016 аз довталабон-барои иштирок дар озмун 84 ариза қабул карда шуд. Иштирокчиёни озмун ба воситаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида аз ҷониби ҳакамони озмун баҳогузорӣ карда мешаванд.
Ба ғолибони озмун аз ҷониби Кумитаи тадорукот дипломҳо, ифтихорномаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаи «Гран-при» супорида мешавад.
Натиҷаи озмун 5 сентябр дар шаҳри Душанбе дар семинари ҷумҳуриявии соҳаи китобдорӣ эълон карда мешавад.
Бо рӯйхати иштирокчиёни озмун метавонед аз сомонаи интернетии Китобхонаи давлатии патентию техникӣ бо нишонии www.gptb.tj шинос шавед.
Мақсади асосии озмун- ин баланд бардоштани мақоми китоб, самаранокӣ ва сифати кори китобдор ва китобхона дар ҷомеа, ташвиқ ва тарғиби соҳаи китобдорӣ, муайян ва муаррифӣ намудани фаъолияти босамар дар байни китобхонаҳо ва кормандони он, ҳавасмандгардонии китобдорону китобхонаҳо ва ташвиқу тарғиби мутолиаи китоб дар байни аҳолии кишвар мебошад.

Сентябрь 1, 2016 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад