Барномаи варзишӣ бахшида ба рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия

Сентябрь 27, 2016 17:03

Анқара, 27.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 сентябри соли 2016 дар варзишгоҳи Донишгоҳи техникии Ховари Наздик бо иштироки шаҳрвандони тоҷики муқими Туркия барномаи варзишӣ баргузор кард.
Тавре ба мухбири махсуси АМИТ «Ховар» аз сафорати Тоҷикистон хабао доданд, дипломатҳои сафорат пеш аз оғози барнома донишҷӯёнро ба муносибати рӯзи истиқлолияти давлатии кишвар табрик гуфта, дар доираи он барои иштирокдорон дар бораи дастовардҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истиқрори сулҳу субот дар кишварамон маълумоти дахлдор пешкаш намуданд.

Сентябрь 27, 2016 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад