Баррасии масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Австрия ва Тоҷикистону Коста Рика
Душанбе, 20.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябри соли 2016 дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 71-уми Маҷмаи умумии СММ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири федеролии Австрия дар умури Аврупо, ҳамгироӣ ва корҳои хориҷӣ Себастиан Куртс мулоқот намуд.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия мавриди табодули назар қарор гирифтанд.
Инчунин 19 сентябри соли 2016 дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 71-уми Маҷмаи Умумии СММ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Коста Рика Мануэл Гонзалез мулоқот доир намуд.
Вазирон сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва Коста Рикаро мавриди баррасӣ қарор доданд.










Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






