Баррасии вазъи Афғонистон дар ВКХ Тоҷикистон
Душанбе, 22.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябри соли 2016 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ муовини Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ, роҳбари дафтари ҳайати ёрирасонии СММ дар Афғонистон (UNAMA) Пернилл Карделро ба ҳузур пазируфт.
Атрофи вазъияти феълии Афғонистон, дурнамои рушди ҳамкории минтақавӣ бо ин кишвар ва аҳамияти татбиқи тарҳҳои энергетикӣ ва нақлиётию коммуникатсионӣ дар таъмини сулҳу субот ва эҳёи иҷтимоию иқтисодии Афғонистон табодули назар сурат гирифт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






