Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт навсозӣ ва дар он воситаҳои дилхушии кӯдакон насб гардид
Рашт, 19.09.2016. /АМИТ «Ховар»/.Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ бинои матбааи ноҳия ба маблағи 421 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, ба ин восита барои фаъолияти самараноки матбаа ва мактаби бачагонаи санъат шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Инчунин бо дастгирии Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъмиру навсозии боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳраки Ғарм ба маблағи 1 млн-у 887,9 ҳазор сомонӣ бо панҷ нуқтаи воситаҳои техникии арғунчаку чархофалакҳо ва дигар воситаи дилхушии кӯдакон ба анҷом расонида шуд.
Дар даврони Истиқлолият дар ду нуқтаи ноҳия ёдгориҳои таърихӣ- нимпайкараи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум дар деҳаи Шул ва лавҳаи ёдгории шаҳидони заминларза дар ҷамоати деҳоти Ҳоит сохта шудаанд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






