Боздиди Президенти кишвар аз боғи интенсивии “Пайванд-Рашт”

Сентябрь 27, 2016 12:25

Душанбе, 27.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи рушди соҳаи боғдорӣ ва ниҳолпарварӣ дар боғи интенсивии “Пайванд-Рашт” шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки боғи интенсивии “Пайванд-Рашт” баҳори соли 2016 дар масоҳати 6 гектар аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пайванд” бунёд гардидааст. Дар ин ҷо навъҳои беҳтарини себу нок парвариш меёбад, ки ба содирот нигаронида шудааст. Дар 58 қатори боғ 7474 бех ниҳол парвариш ёфта истодааст, ки аз ин 7000 бех нок ва 474 бехаш себи навъи голден-делишес мебошад. Баъди бунёди боғи мазкур дар ин ҷо 12 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Аз вазъи боғ ва нашъунамои хуби ниҳолҳо аён мегардад, ки аз тарафи мутахассисон агротехникаи парваришро хуб ба роҳ мондаанд.

Дар боғи мазкур Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарон суҳбати самимӣ доир карданд. Пешвои миллат ба боғдорон оид ба соҳаи боғдорӣ, васеъ кардани майдони боғот, ба маҳал мутобиқ кардани навъҳои беҳтарини мева, афзоиши содироти меваҳои хуштамъи Тоҷикистон ва дигар ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати рушди боғу токпарварӣ андешаронӣ карда, маслиҳатҳои муфид доданд.

Супориш дода шуд, ки дар ҳамин мавзеъ, ки байни ноҳияи Нуробод ва Рашт ҷойгир аст, оянда дар ҳудуди ноҳияи Нуробод дар майдони 40 гектар ва дар ҳудуди ноҳияи Рашт 30 гектар боғи интенсивӣ бунёд намоянд ва ҷиҳати хубу бегазанд нигоҳ доштани ҳосили боғ барои 5 ҳазор тонна сардхона бунёд намоянд.

Ташкили боғҳои нав агар аз як ҷиҳат омили таъсиси ҷойҳои корию беҳдошти сатҳи зиндагии мардум бошад, аз тарафи дигар истеҳсолу содироти меваҷоти гуногун ва хушкмеваҳо ба хориҷи мамлакат афзоиш меёбад.

Сентябрь 27, 2016 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд вазорату идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Тайиланд Маҳа Вачиралонгкорн (Рама X) барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд