Чаро «Боинг 737-800» пас аз 3 соату 26 дақиқаи парвоз боз дар фурудгоҳи Душанбе фуруд омад?

Сентябрь 15, 2016 10:16

Душанбе, 15.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз, 14 сентябри соли 2016, соати 00:33 ба вақти маҳаллӣ, ҳавопаймои «Боинг 737-800»-и ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», ки аз рўи хатсайри №203, самти Душанбе — Санкт-Петербург парвоз мекард, ба фурудгоҳи Душанбе баргардонида шуд.
Тавре ки котиби матбуотии «Сомон Эйр» Тимур Бандишоев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, сабаби бозгашти ҳавопаймо ба Душанбе мушкилии индикатсия дар кабинаи ҳавонавардон буда, яке аз чархҳои ҳавопаймо ҷамъ нашудааст. Ҳайати парвоз тамоми таҷҳизоти заруриро назорат карда, бо мақсади таъмини бехатарии мусофирон қарор доданд ба фурудгоҳи ибтидоӣ баргарданд. Баъди сарфи миқдори зарурии сўзишворӣ, ки ба коҳиш додани вазни умумии нишасти ҳавопаймо вобаста мебошад, ҳавопаймо муваффақона ба фурудгоҳи Душанбе фуруд омад. Вақти умумии парвози ҳавопаймо 3 соату 26 дақиқаро дарбар гирифт.
«Мусофирони хатсайри мазкур соати 02:20 ба вақти маҳаллӣ, тавассути ҳавопаймои дигари ширкат «Боинг 737-900» ба шаҳри Санкт-Петербург фиристода шуданд. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои эҷод кардани нороҳатӣ аз ҳар як мусофири хатсайри Душанбе — Санкт-Петербург, инчунин аз дигар мусофироне, ки бо сабаби ҳодисаи авиатсионӣ вақти парвоз ва нишасташон дар ҷадвали парвозҳо тағйир дода шуд, маъзарат мепурсад. Феълан ширкати ҳавопаймоӣ ҷиҳати ҳар чи зудтар барқарор кардани ҷадвали парвозҳо ва ба самтҳои зарурӣ расонидани мусофирон саъю кўшиши зиёд дорад. Шахсоне, ки хоҳиши супоридани чиптаҳояшонро доранд, маблағи чиптаро хазина ба онҳо бозмегардонад»,-илова намуд Тимур Бандишоев.

Сентябрь 15, 2016 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад