Дар анбори корхонаҳои саноатию энергетикӣ 1 млн. 75 ҳазор тонна ангишт захира шудааст

Сентябрь 22, 2016 16:06

Душанбе, 22.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти фаврӣ истихроҷи ангишт аз аввали сол то 20 сентябри соли ба 932,7 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 256 ҳазор тонна зиёд мебошад. Захираи ангишт то 20 сентябри соли равон дар анбори корхонаҳои соҳа бо назардошти бақияи соли сипаригардида 195,2 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Тавре ки аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин давра аз ҷониби МБГ- 364,5 ҳазор тонна, корхонаҳои саноатӣ- 383,8 ҳазор тонна, муассисаҳои буҷавӣ- 39,2 ҳазор тонна ва аҳолӣ 129,2 ҳазор тонна, дар маҷмӯъ бо назардошти бақияи ангишт дар анбори корхонаҳои саноатию энергетикӣ 1 млн. 75 ҳазор тонна ангишт захира карда шуд.
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба ангишт дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017, махсусан МБГ тамоми тадбирҳоро андешидааст. Новобаста аз мушкилиҳо корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт имкони пурра таъмин намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳуриро доранд.

Сентябрь 22, 2016 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад