Дар Бишкек барои арзёбии дастовардҳои Тоҷикистон дар 25 соли соҳибистиқлолӣ ҷамъомад доир шуд

Сентябрь 7, 2016 11:54

Душанбе, 07.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар Бишкек, роҷеъ ба дастовардҳои мардум ва давлати Тоҷикистон тайи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ изҳори назар шуд.
Ба иттилои Қодиршои Мурувват, муовини раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон, дар ин нишасти илмию амалӣ, ки 6 сентябри соли равон доир гардид, дипломатҳои мамлакатҳои хориҷии муқими Бишкек, масъулони созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони парлумони Кирғизистон, олимону коршиносон ва фаъолони созмони ба номи устод Рӯдакӣ ширкат намуданд.
Олимзода Суҳроб Хоҷа, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон пиромуни дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву сиёсии кишвар тайи солҳои Истиқлолият бо овардани рақаму мисолҳои мушаххас хабар дод. Ӯ таъкид намуд, ки мардуми шарифи тоҷик таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ ба ин равандҳои бунёдкориву созандагӣ даст ёфтаанд.
Равшанбек Собиров, раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ, Абдуҳалим Раҳимҷонов — академики тоҷиктабори Қирғизистон, Виктор Денисенко-Сафири Беларус дар Қирғизистон, Талайбек Кидиров- иҷрокунандаи вазифаи ректори Академияи дипломатии Қирғизистон ва чанде дигарон аз руҳияи боландагии мардуми тоҷик дар остонаи таҷлили 25- солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ибрози ризоят ва хурсандӣ намуданд.
Барои иштирокчиёни ин ҳамоиш ёддоштҳои Асад Гасанов- муовини раиси Созмони озариҳои Қирғизистон, ветерани Ҷанги Бузурги Ватанӣ, сохтмончии хизматнишондодаи Қирғизистон басо писанд омад. Ӯ оид ба вохӯриҳои худ бо роҳсозони ҷодаи бузурги Помир дар солҳои панҷоҳуми қарни гузашта изҳори назар намуда, тоҷиконро ба унвони мардуми захматпешаву бунёдкор ёд намуд. Академик Асилбек Ҳайдаралиев, ректори Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон нақшу ҷойгоҳи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди бесобиқаи кишвар дар тайи чанд соли охир, бесобиқа қаламдод намуд. Ин чеҳраи шинохтаи илмию омӯзишии Қирғизистон барои мардуми шарифи Тоҷикистон дастовардҳои бештарро дар арсаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ орзу кард.
Мавриди ифтихор аст, ки бинобар ташаббуси фаъолони созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ, дар остонаи ҷашни 25- солагии Истиқлоли Тоҷикистон дар Бишкек ҳамосаи қаҳрамонии халқи қирғиз «Манас» ба забони тоҷикӣ мунташир гардид. Ҳадаф аз иҷрои ин лоиҳаи таърихиву фарҳангӣ, таҳкими ҳар чи бештари муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии нек миёни халқҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳисоб меравад.
Бо кӯшиши масъулони Сафорати Тоҷикистон дар ин ҳамоиши илмию амалӣ намоиши аксҳо доир гардид, ки баёнгари пешрафту бунёдкории мардуми хушиқболи тоҷик дар ин чанд соли охир мебошад.
Қобили зикр аст, ки ин ҳамоиши илмию амалӣ бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон ва Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ баргузор гардид.
Қарор аст дар таърихи 9 сентябр дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бишкек ба ифтихори ҷашни миллии 25 -солагии истиқлоли давлатӣ аз тарафи Сафири Тоҷикистон маросими қабули дипломатӣ баргузор шавад.

Сентябрь 7, 2016 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд
Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 25 электромотороллер дастрас гардид
Бар асари бориши зиёд дар Бразилия панҷ нафар ҳалок ва 18 нафар бедарак шудаанд
Дар Чин шумораи бар асари фурӯравии қитъаи роҳи баландсуръат ҳалокшудагон ба 36 нафар расид
Хонандагони муассисаҳои таълимии Норак дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 35 медал шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд