Дар Дави миллӣ дар ноҳияи Б. Ғафуров зиёда аз 4 ҳазор нафар иштирок карданд
Душанбе, 05.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дави миллӣ баргузор шуд. Дар он масъулину мутахассисони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аз 12 ҷамоати деҳоти ноҳия зиёда аз 4 ҳазор нафар сокинони синн ва касбу кори гуногун иштирок намуданд.
Масофаи давидан 2 км-ро дар бар гирифт ва ҳамагон дар давидан маҳорати худро нишон дода, собит сохтанд, ки давидан бардамию солимӣ ва неруи кавӣ мебахшад.
Дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ, ки дар ҷамъбасти Дави миллӣ доир шуд, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ, намояндагони ҷавонон ва дигар иштирокчиён аз дастовардҳои 25 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ёдовар шуда, онро натиҷаи заҳмати фидокоронаи фарзандони барӯманди кишвар, ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи пойдор арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки барои рушди давлат ва зисту зиндагии шоистаи сокинон маҳз соҳибистиқлолии кишвар замина гузоштааст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






