Дар давоми 25 соли истиқлолият дар ноҳияи Рашт иншооти муҳим бунёд гардидаанд

Сентябрь 2, 2016 11:52

Рашт. 02.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Агар симои имрўзаи ноҳияи Раштро ба симои 25 сол пеши он муқоиса намоем, дигаргуниҳои куллие, ки дар ҳама ҷабҳаҳо ба вуҷуд омадаанд ва ба ноҳия зебу зиннати тоза зам намудаанд, пурра ва баръало ба чашм мерасанд. Дар ин давом дар қаламрави ноҳия иншооти бузург ба истифода дода шуданд, ки на танҳо аҳамияти ноҳиявӣ, балки аҳамияти минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ низ доранд. Бинои Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар маҳаллаи Э. Муҳиддинови шаҳраки Ғарм ба маблағи зиёда аз 39 млн. сомонӣ аз ҳисоби фонди захиравии Президенти кишвар, шоҳроҳи Душанбе-Рашт-Лахш-Сари Тош- сарҳади Қирғизистон бо маблағи зиёда аз 27 млн доллар аз ҳисоби Бонки осиёгии рушд ва иншооти барои ноҳия дорои аҳамияти зарурӣ- бинои бӯстонсарой ба маблағи зиёда аз 5 млн. сомонӣ аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Варзишгоҳи марказии ноҳия бо маблағи зиёда аз 6 млн. сомонӣ аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, биноҳои маъмурии прокуратура, нозироти андоз, шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон, бинои чорошёна барои сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, матбаа, биноҳои нави таълимӣ, марказҳо ва бунгоҳҳои саломатӣ, корхонаи истеҳсоли орд, марказҳои савдо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва доруворӣ аз зумраи иншооте мебошанд, ки дар давоми 25 соли Истиқлолият барои некӯаҳволии мардуми ноҳияи Рашт бунёд гардидаанд.

Сентябрь 2, 2016 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад