Дар деҳаи Кафтаргузар бунгоҳи тиббӣ барои зиёда аз 1000 нафар аҳолӣ ба истифода дода шуд
Нуробод, 07.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар деҳаи Кафтаргузари ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод бо иштироки муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеди Давлатзод, раиси ноҳия, сокинони ҷамоат ва намояндагони хазинаи Оғохон бинои бунгоҳи тиббӣ барои зиёда аз 1000 нафар аҳолӣ ба истифода дода шуд.
Ба иттилои мудири бунгоҳ Мирзоалӣ Сафиев, муддати 25 сол онҳо бунгоҳи тиббӣ надоштанд ва хушбахтона, бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин бинои замонавӣ ба истифода дода шуд. Бинои мазкур бо маблағи 344 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби хазинаи Оғохон сохта ва бо маблағгузории 67 ҳазор сомонӣ таҷҳизонида шудааст.
Раиси ҷамоати Хумдони ноҳияи Нуробод Талбихоҷа Қамаров иброз намуд, ки дар фасли зимистон сокинони се деҳаи наздики бунгоҳи мазкур аз сабаби баландии барф барои барқарор намудани саломатияшон ба мушкилӣ гирифтор буданд.
Дар айни замон дар асоси сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мушкилии сокинони деҳаҳо бартараф гардид.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






