Дар Донишгоҳи давлатии Данғара коргоҳи адрасбофӣ ва маркази тарроҳону дӯзандаҳо ифтитоҳ ёфт

Сентябрь 1, 2016 09:39

Душанбе, 1.09.14. /АМИТ «Ховар»/. Ба хотири эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии Данғара коргоҳи адрасбофӣ ва маркази тарроҳону дӯзандаҳо ифтитоҳ ёфт. Дар ин бора 1 сентябр зимни мавриди истифода қарор додани донишгоҳи мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд.
Бояд зикр кард, ки барои пешрафти кор дар коргоҳи адрасбофӣ як гурӯҳ ҷавондухтарон дар вилояти Суғд нозукиҳои ин касбро аз худ кардаанд ва дар ин ҷо бо шогирдон табодули таҷриба мекунанд. Дар синфи тарроҳӣ ва дӯзандагӣ асосан занону бонувони хонанишин бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.
Донишгоҳи давлатии Данғара дар маркази шаҳр ҷойгир буда, бинои мазкур аз 17 бино, аз ҷумла 2 хобгоҳи 9 — ошёна бо 1300 ҷойи хоб барои донишҷӯён, 3 бинои истиқоматии 5- ошёна бо 60 ҳуҷра барои омӯзгорон, толори варзишгоҳ бо 450 ҷойи нишаст, толори зебову мунаққаши фарҳангӣ бо 530 ҷойи нишаст, ошхона бо 300 ҷойи нишаст, китобхона барои нигаҳдории 650 ҳазор адад китоб ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои 4 ҳазор нафар донишҷӯ дар як баст бунёд шудааст.

Сентябрь 1, 2016 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!