Дар Душанбе ҷаласаи ёздаҳуми раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад

Сентябрь 21, 2016 15:56

Душанбе, 21.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар шаҳри Душанбе дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи ёздаҳуми раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мегардад. Дар он роҳбарон ва намояндагони судҳои олии давлатҳои аъзои СҲШ иштирок мекунанд.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири бахши иттилоотии Суди олӣ Беҳрӯз Шафоев хабар дод.
Ба иттилои Беҳрӯз Шафоев, мувофиқи рўзномаи ҷаласаи навбатӣ масъалаҳои мубрами рӯз- мубодилаи таҷриба оид ба баррасии парвандаҳои марбут ба терроризм ва экстремизм, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд тибқи қонунгузории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин амалияи судии ин давлатҳо оид ба аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъйиноти эътибори қонунӣ пайдо намудаи суд вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Бояд зикр намуд, ки давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар давоми 15 сол дар самти таъмини амният, ҳифзи сулҳу суботи кишварҳо ва таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа ҳамкории судманд доранд.
Иштироки Тоҷикистон дар ин созмони байналмилалӣ ба хотири густаришу таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягию дӯстона ва инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ равона карда шудааст.
Мақомоти судӣ дар самти муқовимат зидди ҷиноятҳои террористӣ ва экстремистӣ, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ нақши муҳим доранд.
Шиддат гирифтани таҳдидҳои муосир тақозо менамояд, ки бар зидди терроризм ва экстремизми байналмилалӣ тадбирҳои муосири якҷоя андешида шаванд.

Сентябрь 21, 2016 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад