Дар Душанбе конфронси байналмилалии «Ошкорсозии таҳдидҳои геостратегӣ ҷиҳати пешбурди иқтисодиёт дар чаҳорчӯби қонун дар Афғонистон дар давраи даҳсолаи нав» ҷараён дорад

Сентябрь 22, 2016 12:17

Душанбе, 22.09.2016. /АМИТ«Ховар» /. 21 сентябр дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, инчунин Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ дар сатҳи олӣ зери унвони «Ошкорсозии таҳдидҳои геостратегӣ ҷиҳати пешбурди иқтисодиёт дар чаҳорчӯби қонун дар Афғонистон дар давраи даҳсолаи нав» ба кор шурӯъ намуд. Дар кори он роҳбарони мақомоти дахлдор ва коршиносон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Афғонистон ва Покистон, инчунин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок доранд.
Дар конфронс директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода гуфт, ки имрӯз лоиҳаҳои зиёде оид ба рушд ва инкишофи самтҳои мухталифи ҷомеаи Афғонистон, хусусан кишоварзӣ амалӣ шуда истодаанд ва бовар ҳаст, ки дар солҳои наздик шароит барои рушди истеҳсолот ва иқтисодиёти қиёсие, ки ҷои кишт ва истеҳсоли маводи мухаддирро бигирад, фароҳам хоҳад омад. Тоҷикистон аз дигар кишварҳо дида бештар манфиатдор аст, ки вазъ дар Афғонистони ҳамсоя муътадил гардад, чунки агар масъалаи назорати маводи нашъаовар дар ин кишварба таври мусбат ҳал шавад, оқибатҳои он ба вазъи нашъамандӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Авруосиё таъсири мусбат мерасонанд.
Дар конфронс иштирокчиён вазъи кунунии соҳаи амният дар Афғонистон ва минтақа, масъалаҳои пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи ҷиноятҳои иқтисодӣ, инчунин робитаи мутақобилаи парвариши кӯкнор бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадорро таҳлил менамоянд.
Коршиносони сатҳи олӣ нисбат ба қабули чораҳои амалӣ аз тарафи Афғонистон, кишварҳои ҳамсоя ва аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар соҳаи мубориза бар зидди хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъаовар, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва мусоидат ба рушди иқтисод дар чорчӯбаи қонун пешниҳодҳои худро ба иштирокчиён манзур менамоянд.

Сентябрь 22, 2016 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад