Дар Душанбе мулоқоти котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон А. Қаҳҳоров бо котиби генералии СААД Н. Бордюжа доир гардид
Душанбе, 28.09.2016./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Котиби Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров бо Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе омадааст, мулоқот намуд. Дар ин бора аз котиботи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба омодагӣ ба ҷаласаҳои Шўрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи муштараки Шўрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шўрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шўроҳои амнияти Созмони номбурда, ки 13-14 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ереван баргузор мегарданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Абдураҳим Қаҳҳоров ва Николай Бордюжа ҳамчунин доир ба вазъи амнияти байналмилалию минтақавӣ, хатарҳои муосири ба амнияти давлатҳои аъзои Созмон таҳдидкунанда, аз ҷумла аз қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бароянда мубодилаи афкор намуданд.










Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






