Дар Гулистон собиқадорони меҳнат ва шахсони ниёзмандро аёдат карданд
Гулистон, 09.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти кишвар бо иқдоми мақомоти маҳаллии шаҳри Гулистон собиқадорони меҳнат ва шахсони ниёзманд аз оилаҳои камбизоат аёдат карда шуданд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» масъулин аз дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иттилоъ доданд, амали мазкур дар пайравӣ ба иқдомҳои башардўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омад. Аз ҷониби кормандони шуъбаи хизматрасонии иҷтимоии шаҳр беш аз даҳ нафар шахсони пиру барҷомонда ва чанд оилаи камбизоат аёдат карда шуда, ба онҳо туҳфаҳои идона расонида шуд.
Ҳамчунин бахшида ба ин ҷашни фархунда дар майдони «Кохи Истиқлол»-и шаҳр ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи калони консертӣ таҳти унвони «Ҷашни Истиқлол муборак, Тоҷикистони азиз!» баргузор гардид.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






