Дар Лахш хонаи Аброр Шомуродов миёни 1911 хоҷагии ҷамоат сазовори ҷойи аввал гардид
Лахш, 05.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар даври ноҳиявии Мусобиқаи ҷумҳуриявии шаҳру ноҳияи беҳтарин, ҷамоат, маҳалла, оила ва хонаи намунавӣ дар ноҳияи Лахш хонаи Аброр Шомуродов сазовори ҷойи аввал гардид. Хонаи мазкур аз се ошёна иборат буда, дорои 9 ҳуҷра, меҳмонхонаю ошхона мебошад. Аброр Шомуродов мегӯяд, ки ӯ хонаашро аз ҳисоби меҳнати ҳалол ва маблағи картошкапарварию чорводорӣ давра ба давра сохтааст. Ӯ аз он хурсанд аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, ватани азизамонро обод намуда, дар фазои сулҳу ором фаъолият доранд.
Раиси ҷамоати деҳоти Ҷиргатол Маҳмадрасул Ҳалимов изҳор дошт, ки дар озмуни мазкур 1911 хоҷагии ҷамоат пурра иштирок намуданд. Бинобар самаранок истифода бурдани замини наздиҳавлигӣ, сабзазоркунию гулзоркунии пеши хона, ба ҳолати санитарӣ ҷавобгӯ будан ва бо тарҳи замонавӣ ороиш додан хонаи Аброр Шомуродов дар ҷамоат ва ноҳия созовори ҷойи аввал шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






