Дар ноҳияҳои Сангвору Рашту Нурободу Лахш Рӯзи дониш хотирмон таҷлил шуд

Сентябрь 1, 2016 11:27

Душанбе, 1.09.14. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои фарҳангии ҷавонону чойхонаҳои ҷамъиятии ноҳияҳои Сангвору Рашту Нуробод ва Тоҷикободу Лахш бо иштироки раисони ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту идораҳо ва вакилони халқ Рўзи дониш бо шукўҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд .
Субҳи 1-уми сентябр хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таълимии ноҳияҳои мазкур дар якҷоягӣ бо раисони ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тавассути оинаи нилгун мустақиман суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Дарси сулҳ тамошо намуданд. Сипас, тибқи ҷадвали дарсӣ машғулиятҳо оғоз шуданд.
Раиси ноҳияи Тоҷикобод Ализода Ҳусейн Хоҷамир ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия дар ин рӯз хонандагони муассисаи таълимии рақами 13-и деҳаи Капалии ноҳияро, ки чанде пеш аз офати табиӣ зарар дида буд, бо Рӯзи дониш табрик намуда, ба онҳо гуфтанд, ки рӯҳафтода нашуда, бо баҳои хубу аъло дарс хонанд.
Сипас, хонандагону меҳмонон суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Дарси сулҳ дар якҷоягӣ бо хонандагон тамошо карданд.

Сентябрь 1, 2016 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад