Дар ноҳияи Б. Ғафуров маърифати экологии шаҳрвандон баланд бардошта мешавад
Душанбе, 03.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бобати баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии шаҳрвандон бо иштироки аҳолии маҳал, ҷавонон, пирони рӯзгордида ва сокинони ҷамоат вохӯрӣ баргузор гардид. Мақсади асосии вохӯрӣ аз баланд бардоштани маълумотнокии сокинони маҳаллӣ ва таъмини иштироки онҳо дар раванди қабули қарорҳо доир ба масъалаҳои бехатарии радиатсионӣ иборат буд.
Ба ҳозирин филми омўзишӣ оид ба масъалаҳои бехатарии радиатсионӣ намоиш дода шуда, сипас ба иштирокчиён натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ оид ба масъалаҳои бехатарии радиатсионӣ ва ғизодиҳӣ пешниҳод гардид.
Вохўрии мазкур аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» дар доираи лоиҳаи «Бехатарии радиатсионӣ ва ғизодиҳӣ дар минтақаҳое, ки таъсири радиатсиониашон баланд аст» доир гардид.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






