Дар ноҳияи Лахш 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ гардида, татбиқи се лоиҳаи дигар идома дорад

Сентябрь 26, 2016 16:23

Душанбе, 26.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Давлат ва Ҳукумати мамлакат дар зарфи 25 сол барои рушди ноҳияи Лахш ва ҳалли масъалаҳои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, кишоварзӣ, сохтмону роҳҳо ва дастгирии буҷети маҳаллӣ беш аз 600 миллион сомонӣ равона кардаанд.
Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолон ва сокинони ноҳия Лахш изҳори ақида намуд.
Ба маълумоти Пешвои миллат, дар ин муддат дар ноҳия 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 370 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло татбиқи се лоиҳаи дигар ба маблағи қариб 300 миллион сомонӣ идома дорад.
«Дар натиҷаи истифодаи самараноки маблағҳои ҷудошуда тӯли солҳои 1997 — 2015 дар ҳудуди ноҳия 450 иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла 40 пул, 21 бинои нави таълимӣ, 22 муассисаи тандурустӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ бунёд гардида, биноҳои таълимии 76 мактаб аз таъмири асосӣ бароварда шуда, ба 35 деҳаи дурдасти ноҳия хатти оби нӯшокӣ гузаронида шудааст, — илова намуд Роҳбари давлат.

Сентябрь 26, 2016 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад