Дар ноҳияи Лахш то соли 2020 ҳамасола экспедитсияи байналмилалӣ гузаронида мешавад
Лахш, 28.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Баъди соҳибистиқлолии кишвар соҳаи сайёҳӣ дар ҳудуди ноҳияи Лахш аз нав эҳё гардид. Аз соли 2000 инҷониб ба ноҳияи Лахш шумораи зиёди сайёҳон, махсусан кӯҳнавардон ворид мешаванд. Ҳамасола барои фатҳи қуллаи И.Сомонӣ, ки дар ҳудуди ноҳия ҷойгир аст, зиёда аз 150 нафар сайёҳону кӯҳнавардон аз 20 давлати дунё ташриф меоранд. Соли гузашта зиёда аз 2500 нафар сайёҳони хориҷӣ аз ноҳияи Лахш дидан карданд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 дар ҳудуди ноҳия ҳамасола экспедитсияи байналмилалӣ гузаронида мешавад.
Ҳамчунин барои рушди туризми дохилӣ мавзеи Тандиқули ноҳия обод гашта, ҳамасола барои тамошо, истироҳат ва табобат ба ин мавзеъ зиёда аз 1000 нафар ташриф меоранд. Аз тарафи масъулини соҳаи туризми ноҳия хатсайри туристӣ ба ин мавзеъ омода гардидааст.
Барои муаррифии фарҳангу тамаддуни мардуми ноҳия имрӯз дар ноҳия 2 осорхона фаъолият доранд, ки аз таърихи қадимаи ноҳияи Лахш шаҳодат медиҳанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






