Дар ноҳияи Тоҷикобод дастовардҳои 25 соли соҳибистиқлолии кишварро арзёбӣ карданд
Душанбе, 5.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. «25 сол муқаддам миллати тоҷик ба бузургтарин дастовард- Истиқлолияти давлатӣ ноил шуд, ки ҳоло тамоми мардуми ватандӯсту бошарафи кишварамон ба таҷлили бошукӯҳи он омодагии ҷиддӣ мегиранд». Ин нукта дар вохӯрии Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳалии ноҳияи Тоҷикобод бо занону ҷавондухтарони ноҳия таъкид гардид.
Дар вохӯрии мазкур оид ба дастовардҳои 25 соли соҳибистиқлолии кишвар сухан гуфтанд. Зикр гардид, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод корҳои созандагиву бунёдкорӣ равнақ гирифта, симои он ба куллӣ тағйир ёфт. Сокинони ноҳияи Тоҷикобод бо шукргузорӣ аз дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ ба тадбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат, ки меҳвари асосии онро рушди Ватани маҳбубамон ташкил медиҳад, камари ҳиммат бастаанд.
Чунин вохӯриҳо дар дигар деҳаҳои ноҳия идома доранд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






