Дар Ҷопон зарурати ҳамкорӣ байни ниҳодҳои хусусии Тоҷикистону Ҷопон дар татбиқи тарҳҳои барқарорсозӣ баррасӣ гардид

Сентябрь 7, 2016 11:39

Душанбе, 06.09. 2016. /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябри соли 2016 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири таҷдид — вазири масъул оид ба ҳамоҳангсозии сиёсати барқароршавӣ пас аз садамаи ҳастаӣ дар неругоҳи Фукушима Масаҳиро Имамура, ки ҳамзамон вакили Палатаи намояндагони Парлумони Япония ва узви Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Япония мебошад, мулоқот анҷом намуд. Сафири Тоҷикистон Масаҳиро Имамураро ба муносибати таъйин шуданаш ба мақоми вазирӣ табрик намуда, комёбиҳо орзу намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба, аз ҷумла табодули таҷриба ва технология барои коҳиши таъсири офатҳои табиӣ ва зарурати ҳамкорӣ байни ниҳодҳои хусусии ду кишвар дар татбиқи тарҳҳои барқарорсозӣ дар соҳаи мазкурро баррасӣ намуданд.
Мусоҳибон доир ба аҳамияти таъмини мусоидати техникӣ ва молиявӣ ба сохторҳои соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодасозии мутахассисони ҷавон дар самти коҳиши хатарҳои офатҳои табиӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин вобаста ба ҷанбаҳои ҳамкории бисёрҷониба дар сатҳи байналмилалӣ ва дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Сентябрь 7, 2016 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад