Дар озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин» ҷои аввалро Маркази ташхиси минтақавии ноҳияи Лахш сазовор шуд

Сентябрь 5, 2016 11:53

Лахш, 05.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон- 2016» Маркази ташхиси минтақавии ноҳияи Лахш сазовори ҷойи аввал ва ҷоизаҳою туҳфаҳои хотиравӣ гардид.
Маркази ташхиси минтақавии ноҳияи Лахш аз соли 2003 инҷониб дар ноҳияҳои Лахшу Тоҷикобод фаъолияти босамар дошта, шумораи коргаронаш аз 3 ба 12 нафар расидааст, ки онҳо бо маълумоти олӣ фаъолият доранд.
Маркази мазкур аз 7 шуъба иборат буда, дорои озмоишгоҳҳои маҳсулоти хӯрокворӣ ва нафтӣ мебошад, ки дар ду ноҳия 5 бозор, 317 мағоза, 52 ошхона, 22 нуқтаи фурӯши сӯзишвориро назорат мекунанд.
То имрӯз тибқи моддаҳои 624, 626, 627-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» нисбат ба қонуншиканон санадҳои маъмурӣ тартиб дода, аз ҳисоби ҷарима ба буҷети давлат зиёда аз 15 ҳазор сомонӣ ворид намудаанд.

Сентябрь 5, 2016 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад