Дар рӯзҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва иди Қурбон тоҷикистониён чанд рӯз истироҳат хоҳанд кард?

Сентябрь 6, 2016 17:10

Душанбе, 06.08.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар ин рӯзҳо тоҷикистониён барои ҷашн гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ва иди саиди Қурбон омодагӣ мебинанд. Имсол иди Қурбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дар дигар кишварҳои мусулмонӣ 12 сентябр таҷлил мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон хабар доданд, мувофиқи меъёрҳои қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 9 сентябр ҳамчун рӯзи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ рӯзи истироҳат буда, имсол ин рӯзи ҷашнӣ ба рӯзи ҷумъа рост меояд.
Ғайр аз ин, иди Қурбон имсол ба рӯзи душанбе рост меояд, ки он рӯз ҳам истироҳат эълон шудааст. Аз ин рӯ, шаҳрвандони ҷумҳурӣ 4 рӯз- 9, 10, 11 ва 12 сентябр пай дар пай истироҳат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ як қатор чорабиниҳои идона, аз ҷумла, паради низомӣ ва парад-марафон баргузор мегарданд, ки боҳашаматтарин парад дар таърихи Тоҷикистон хоҳад буд.
Бояд зикр кард, ки иди Қурбон аз ҷумлаи қадимтарин ва азизтарин маросимҳои суннатии мусулмонон аст. Рӯзи ид мардуми мо дастархони пурнозу неъмат густурда, ба муборакбодии якдигар мераванд, меҳмононро аёдат ва мазори гузаштагонро зиёрат мекунанд. Аз Қуръони маҷид оятҳо қироат менамоянд ва муҳимтар аз ҳама, барои ятимону барҷомондагон, бепарасторону пиронсолони танҳо ва дигар ашхоси камбизоат дасти хайру сахо мекушоянд.

Сентябрь 6, 2016 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад