Дар РВКД минтақаи Рашт бахшида ба 25-солагии Истиқлолият ҷамъомади идона доир шуд
Душанбе, 05.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар РВКД минтақаи Рашт бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори РВКД дар ноҳия ва минтақаи Рашт, ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Раёсат ва шуъбаҳои он дар минтақаи мазкур ҷамъомади идона баргузор шуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт Рустам Шафизода зикр кард, ки Истиқлолият дастоварди бебаҳо ва муқаддас мебошад, зеро он нангу номуси ватандорӣ, арзишҳои миллӣ ва таърихии моро дар худ таҷассум мекунад.
Дар чорабинӣ барои зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ ва ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас як гурӯҳ кормандони минтақаи мазкур бо медалҳои «Хизмати шоён», нишони сарисинагии «Барои хизматҳои аъло», ифтихорнома ва раҳматномаҳо сарфароз гардонида шуданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






