Дар Сангвор ҷашни Истиқлолиятро бошукӯҳу хотирмон таҷлил мекунанд
Сангвор, 07.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор дар асоси нақшаю чорабиниҳо дар ҷамоатҳои деҳоту марказҳои ҷавонон ва муассисаҳои таҳсилоти умумию соҳаи тандурустӣ бо иштироки фаъолону кормандон оид ба 25 соли даврони Истиқлолияти давлатӣ, нақш ва аҳамияти Истиқлолият дар бунёд ва ташаккули давлати соҳибихтиёру демократӣ, инчунин оид ба нақши Истиқлолият дар бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд семинарҳо, конфронсу суҳбат ва вохўриҳо баргузор намуда, дар мавзўи «25 соли Истиқлолият» озмуни иншои беҳтаринро гузарониданд.
Барои бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифтани Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаҳо, кўчаву хиёбонҳо корҳои ободонӣ иҷро гардида, маҳаллаҳои маркази ноҳия ва биноҳои маъмурӣ бо шиору овезаҳо дар бораи Истиқлолияти давлатӣ оро дода шудаанд.
Сокинони ноҳия ният доранд, ки ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хотирмон таҷлил карда, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






