Дар шаҳри Конибодом бахшида ба 25-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ барномаи идона доир шуд

Сентябрь 13, 2016 15:24

Душанбе, 13.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо шукуҳи хосса ва хотирмон дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ таҷлил карда шуд. Дар ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки роҳбарияти шаҳр, собиқадорони ҷангу меҳнат, шахсони барӯманд, ҷавонону наврасон ва оммаи васеи мардум раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ сокинони шаҳрро бо ҷашни таърихии миллат- 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар сидқан шодбош гуфт. Намояндаи Ҳукумати ҶТ, мушовири бахши Ёрдамчии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабирҷон Ҷӯразода зимни табрики сокинон изҳори итминон намуд, ки мардуми сарбаланди шаҳри Конибодом минбаъд низ тамоми неруву кӯшишро баҳри таҳкими пояҳои Истиқлолият, таҳкими сулҳу субот, амнияти миллӣ, якпорчагии Ватани азизамон равона намуда, дар пешрафти мамлакат саҳми муносиб мегузоранд.
Баъдан роҳпаймоии идона бо гузашти ҳарбии қисми низомии 04080 оғоз гардид. Роҳпаймоии идонаро сарбозон, хизматчиёни давлатӣ, дорандагони мукофотҳои давлатӣ, кормандони соҳаи саноат, сохтмон, иқтисодиёт, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, муассисаҳои таълимӣ ва варзишгарон идома дода, бо парчамҳои давлатӣ   гузоштанд.
Пас аз анҷоми роҳпаймоӣ барномаи консертии санъаткорони шаҳр пешниҳоди меҳмонон гардонида шуд.

Сентябрь 13, 2016 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад