Дар Тоҷикистон лоиҳаи рушди хизматрасонии мобилии бонкӣ татбиқ мегардад
Душанбе, 30.09.2016/АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ба татбиқи лоиҳа ҷиҳати рушди хизматрасонии мобилии бонкӣ, ки барои пешрафти иқтисоди кишвар мусоидат менамояд, шурӯъ кард.
Дар ин самт созмони мазкур тасмим гирифтааст, ки ба ташаккули ислоҳоти меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар доираи хизматрасонии электронӣ ва рақамӣ кумак расонида, сатҳи огоҳии аҳолиро оид ба манфиат ва бартарии ин навъи хизматрасонӣ баланд бардорад. Ҳамчунин он бояд ба ширкатҳои хусусии ҷорикунандаи хизматрасонии мобилии молиявӣ дар Тоҷикистон кумаки машваратӣ расонад.
Бояд тазаккур дод, ки самти лоиҳа барои тақвияти хизматрасонии соҳибкории хурд ва сармоягузорон нигаронида шудааст. Амалисозии лоиҳаи мазкур барои аҳолии кишвари мо дар самти дастрасӣ ба хизматрасонии асосии бонкӣ ва дар заминаи он ташкили ҷойҳои корӣ, дар маҷмӯъ ба рушди «иқтисоди боз» мусоидат менамояд.
«Мо ин ташаббус ва роҳандозии ояндаи хизматрасонии рақамии молиявӣ ва технологияҳои муосирро мепазирем»,- гуфт дар маросими муаррифии лоиҳаи мазкур Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон.
«Ин иқдом имконият медиҳад аҳолии мамлакат ба хизматрасонии асосии электронӣ дар реҷаи 24/7, ки тамоми маҷмӯи пардохти электронӣ ва хизматрасонии рақамии (мобилии) бонкиро дар бар мегирад, дастрасӣ пайдо кунанд, ки дар натиҷа хизматрасонии бонкӣ барои мардум то ҳадди имкон арзон мегардад»,- таъкид кард Ҷамолиддин Нуралиев.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






