Дар Тоҷикистон марҳилаи дуюми «Нелегал-2016» оғоз гардид
Душанбе, 20.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки муовини сардори Хадамоти мазкур, полковники милитсия Нуралӣ Сафаров, кормандони вобасташудаи ниҳод, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад оид ба марҳилаи дуюми чорабиниҳои фаврию пешгирикунанда ва амалиёти махсус оид ба мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони кишварҳои сеюм, аз ҷумла хариду фурӯши одамон таҳти унвони шартии «Нелегал-2016»доир гардид.
Мутобиқи қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ҳамасола дар ду марҳила бо мақсади пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҳолат ва сабабҳои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, даст ба ҷиноят задани шаҳрвандони хориҷӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳама гуна амалу кирдорҳои номатлуб дар давлатҳои аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии СААД санҷишҳои муштараки «Нелегал» гузаронида мешаванд.
Амалиёти «Нелегал-2016» аз 19 сентябр то 7 октябри соли равон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ амалиёти муштарак бо қувва ва ҳайати шахсии сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои поёнии онҳо дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гузаронида мешавад.
Дар он тартиби риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар хонаҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо ва иншооти корӣ, муайяну ошкор намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки бе раводид, бе қайди шиноснома дар мақомоти корҳои дохилӣ, бе иҷозат барои кор ва шиносномаҳои бе эътибор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон будубош ва фаъолияти меҳнатӣ доранд, мавриди санҷиш қарор дода шуда, инчунин барои муайян ва ошкор намудани ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятие, ки ба хариду фурӯши одамон машғул мебошанд ва ошкор намудани дигар ҷиноятҳо гурӯҳҳои корӣ фаъолият мебаранд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






