Дастаи Гондурас бар дастаи Канада дар бозиҳои интихобии даври 5-уми Чемпионати ҷаҳон- 2018 пирӯз гардид
Душанбе, 05.09.2016 / АМИТ «Ховар» /. Дастаи миллии футболи Гондурас дар рақобат бо дастаи мунтахаби Канада шаҳди пирӯзӣ чашид. Дастаи мунтахаби Гондурас дар доираи бозиҳои интихобии даври 5-уми Чемпионати ҷаҳон- 2018 дар минтақаи Амрикои Шимолӣ бо дастаи миллии Канада рақобат намуда, бо ҳисоби 2:1 дастболо гардид. Дар дақиқаи 35-уми дидор Манрекар Ҷеймс дастаи мунтахаби Канадаро ба пеш баровард. Аммо қабл аз ба танафус баромадан, дар дақиқаҳои иловашуда Марио Мартинес як гол зада, ҳисобро баробар кард.
Ромел Киото дар дақиқаи 50-уми бозӣ голи пирӯзиоварро ба дарвозаи дастаи мунтахаби Канада зад ва дастаи мунтахаби Гондурас аз пирӯзии навбатиаш истиқбол кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






