Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаҳои Аморати Муттаҳидаи Араб ва Эрон бозиҳои таҷрибавӣ барпо мекунад
Душанбе, 5.09.2016 / АМИТ «Ховар» /. Дастаи мунтахаби ҷавонони мамлакат идомаи тайёриро ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё, ки аз 12 октябр то 30 октябр дар Баҳрайн мегузарад, дар Амороти Муттаҳидаи Араб барпо мекунад. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад.
Дастаи мунтахаби наврасони кишварамон дар ҷараёни тайёрӣ дар Амороти Мутаҳидаи Араб ду бозии дӯстонаи худро бо ҳамтоёнашон аз ин кишвар рӯзҳои 14 ва 16 сентябр доир карда, сипас ба ҷазираи Кеши Эрон сафар мекунад ва баъд аз тайёрӣ бо тими мунтахаби то 19- солаи Эрон бозии таҷрибавии худро сомон медиҳад.
Тими мунтахаби мамлакат аллакай ду марҳалаи омодагиро ба ин бозиҳо дар шаҳрҳои Норак ва Гулистон гузаронида, дар аввалин мусобиқаи байналмилалии дастаҳои Осиёи марказӣ «КАФА КАП» дар шаҳри Тошканд бо тимҳои мунтахаби то 19- солаи Узбекистон ва Туркманистон қувва озмуда, бо натиҷаи 4 бар 1 ва 2 бар 1 мағлуб шуд ва тими дуввуми соҳибони майдон-Узбекистонро бо нишондоди 7 бар 6 аз зарбаҳои баъдибозӣ шикаст дод.
Баъди бозгашт аз сафари Амороти Муттаҳидаи Араб ва ҷазираи Кеши Эрон аъзои дастаи мунтахаби кишварамон тайёриро дар шаҳри Душанбе идома хоҳанд дод.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «Д» бо тимҳои Узбекистон, Чин ва Австралия рақобат мекунад.
Тибқи низомномаи Чемпионати Осиё, чор дастаи пешсаф ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон роҳхат мегиранд. Агар мизбони бозиҳои ҷаҳонӣ- Кореяи ҷанубӣ яке аз чор зинаро ихтиёр кунад, пас тими панҷум аз Осиё ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон роҳхат ба даст хоҳад овард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






