Дилмурод Давлатзода: «Ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар фарди миллатдӯст аст»

Сентябрь 7, 2016 11:34

Душанбе, 07.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои муҳими иқтисодӣ ноил гардид ва дар арсаи байналмилӣ мақому нуфузи хоса касб кард». Ин нуктаро Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъомади тантанавӣ, ки ба ифтихори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ доир гардид, иброз дошт. Мавсуф кормандони Палатаи ҳисобро бо ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, таъкид кард, ки ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шароити феълӣ вазифаи муқаддас ва рисолати ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпарвар аст.
Ҳамзамон кормандони Палатаи ҳисобро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Фаррух Ҳамрализода бо ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуд. Ёрдамчии Президент аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзализода Назаралӣ мукофоти давлатӣ- «Медали хизмати шоиста»-ро барои софдилона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ва саҳми босазояш дар рушди иқтисодиёти кишвар дар маросими ботантана супорид.
Ҳамзамон дар анҷоми ҷамъомад Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон давр арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ кормандони Палатаи ҳисобро барои фаъолияти пурсамарашон дар рушди иқтисоди кишвар бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонид.

Сентябрь 7, 2016 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!