Дипломатияи тоҷик дар масири 25 соли Истиқлолият: ФИРИСТОДА БОЯД, КИ ДОНО БУВАД…

Сентябрь 29, 2016 17:24

Душанбе, 29.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Алҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 140 кишвари ҷаҳон робитаи дӯстонаю беғараз ва ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ дошта, ҳамзамон байни Тоҷикистон ва 42 давлати ҷаҳон Комиссияи муштаракаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ фаъолият дорад». Ин матлаб дар конфронсе, ки имрӯз таҳти унвони «Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири Истиқлолият» дар Душанбе баргузор гардид, зикр шуд.
Конфронси мазкур бо ибтикори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили нахустин Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ баргузор гардида, дар он вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов, кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ, собиқадорон- собиқ сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ширкат доштанд.
Дар конфронс таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 25-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати хориҷӣ, ки сиёсати «дарҳои боз» аст, ба комёбиҳои назаррас мушарраф гардид. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, дипломатияи созандаи роҳбарияти олии кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварамон дар тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатӣ ба узвияти беш аз 80 созмони минтақавию байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ пазируфта шуда, дар радифи дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии минтақа ва ҷаҳон нақши муассир мегузорад. Инчунин кишвари соҳибистиқлоламон дар тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатӣ ба зиёда аз 350 санади байналмилалӣ- конвенсияҳо, хартияҳо ва эъломияҳои байналмилалӣ ҳамроҳ гардида, уҳдадориҳои худро дар мавриди расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, назири рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист иҷро менамояд. Инчунин Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон беш аз 2000 санади ҳуқуқӣ ба имзо расонида, онҳоро мавриди иҷро қарор додааст.
diplomatiya-2Дар конфронс собиқадорони бахши сиёсати хориҷии кишварамон, собиқ муовинони вазири корҳои хориҷӣ ва сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- Ғуломҷон Бобозода, Худобердӣ Холиқназар, Шариф Раҳимзода, Абдулло Юлдошев, Абдунабӣ Сатторзода, Ғуломҷон Мирзоев ва дигарон дар мавзуъҳои барқароркунӣ ва рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва қарзӣ, дастовардҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ, сиёсати иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолият, иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар Касабланка (декабри соли 1994), дурнамои рушди сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ташаккул ва рушди субъектҳои сиёсати хориҷӣ дар даврони Истиқлолият маърӯза карданд. Таъкид гардид, ки Вазорати корҳои хориҷӣ, ки ҳанӯз 72 сол муқаддам, аниқтараш соли 1944 созмон дода шуда, дар тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатӣ Вазорати корҳои хориҷии кишвар дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом додаст. Ҳайати кормандони он аз 11 нафари давраи қабл аз истиқлол имрӯз ба зиёда аз 300 нафар расидааст. Инчунин дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатӣ -соли 2002 нахустин Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки он асосҳои назариявию сиёсии равобити байналмилалии кишварамонро дар давраи нав — баъди истиқрори сулҳу субот муайян кард. Ҳамзамон бо гузашти як даҳсола бо назардошти равандҳои рушди ҷаҳони муосир соли 2015 Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки санади асосии муайянкунандаи самтҳо ва афзалиятҳои сиёсати хориҷии давлатамон маҳсуб мешавад.
diplomatiyaДар конфронс ҳамзамон собиқ сафирону дипломатҳо аз таҷрибаи фаъолияташон дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ, баланд бардоштани обрӯю эътибор ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, омода намудани дипломатҳои ҳирфаӣ бо назардошти талаботи ҷомеаи мутамаддин сухан карда, хотироти неку судманди худро ба кормандони ҷавони бахши хизмати дипломатияи кишвар баён доштанд.
Бояд тазаккур дод, ки соли равон Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки тибқи он ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 сентябр Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ бидуни истироҳат таҷлил карда мешавад. Таҷлили Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ дар рӯзи 29 сентябр ба санаи таърихӣ иртибот дорад. 23 сол муқаддам -29 сентябри соли 1993 бори нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид сухан карда, нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун субъекти мустақили робитаҳои байналмилалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда буданд.
Дар иртибот ба нахустин таҷлили Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Инчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати кормандони Вазорати корҳои хориҷии кишвар ва дипломатҳои тоҷик мулоқот намуда, онҳоро бо ин санаи фархунда табрик намуданд.

Сентябрь 29, 2016 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева бо ташаббуси Тоҷикистон чорабинии давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид марбут ба обу иқлим баргузор шуд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Одил Рено-Бассо мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Нидерланд баргузории Конфронси сеюми оби Душанберо муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд
Тоҷикистон ва Индонезия ҳавасмандиашонро ба таҳкими ҳамкории дуҷониба изҳор намуданд
Шараф Шерализода бо ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Маҷористон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва муқовимат бо ҷинояткориро ба имзо расониданд
Низоми бераводиди яктарафа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 давлати дигар аз 1 май мавриди амал қарор мегирад
Суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
Дар Душанбе машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ ва консулӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор мегарданд
Сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов мулоқот намуд
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт